LIVE

Эдин Ҷеко барои "Юве" ва "Милан" тарки "Рома" мекунад

Ҳамлагар Эдин Ҷеко ният дорад, дар Серияи А бимонад. "Милан" ва "Ювентус" ба  ин бозигар мароқ зоҳир намудаанд. 
Шартномаи футболбози 35-сола бо "Рома" то 30 июни соли 2022 амал мекунад. Бо вуҷуди ин, "Рома" омодааст бо футболбозе, ки дар як мавсим 7,5 миллион евро ба даст меорад, шартномаро бекор кунад ва ӯро ҳамчун агенти озод раҳо кунад.

Дар мавсими гузашта Ҷеко 38 бозӣ гузаронида, 13 гол зада, 4 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив