LIVE

"Юве" Суаресро монда, Ҷекоро харид

Ҳамлагари "Рома" Эдин Ҷеко ба бозигари "Ювентус" табдил хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар мавриди гузариши ҳамлагари 34-сола ба мувофиқа расидаанд. "Ювентус"  барои ин ҳамлагар 16 миллион евро пардохт хоҳад кард. Ҷеко дар “Юве” 7,5 миллион евро маош мегирад. 
Ғайр аз он “Наполи” ва “Рома” дар бораи гузариши ҳамлагар Аркадиуш Милик ба созиш расидаанд. Агар  Милик ба шаҳри Рим кӯч бандад, пас Ҷеко ба “Ювентус” меравад.  Феълан римиҳо Миликро ба иҷора мегиранд ва дар оянда бо ӯ қарордоди расмӣ ба имзо мерасонанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив