LIVE

«Хуҷанд» пешсафиро аз даст доданӣ нест

Санаи 2-юми июн ду бозии мавқуфмондаи даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дастаи “Хуҷанд”, ки феълан дар садри ҷадвали чемпионат ҷой дорад, дар бозии хонагӣ бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ягона голро дар дақиқаҳои охири дидор Эҳсон Бобоев зад.
Бозии дигар миёни дастаҳои КМВА – “Равшан”-и Кӯлоб мусовӣ (3:3) анҷом ёфт. Голҳои тими КМВА-ро Шервонӣ Мабатшоев, Комрони Мирзохон, Элчибек Рашидбеков, голҳои тими “Равшан”-ро бошад, Эффаҳ Кингслей Осей, Далер Шомуродов ва Саидамири Саидаҳмад ба номашон сабт карданд.
6-уми июн боз ду бозии дигари мавқуфмонда ба нақша гирифта шудааст. Дар ин рӯз “Эсхата” бо “Хуҷанд” (бозии мавқуфмондаи даври ҳаштум) ва “Равшан” бо “Куктош” (бозии мавқуфмондаи даври нуҳум) вомехуранд. Ба ғайр аз ин чор бозӣ, боз шаш бозии дигари марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор нашудаанд. Ҳоло дастаи “Хуҷанд” бо дарёфти 16 имтиёз дар садри ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад.
Бознашр аз сомонаи ТВ Варзиш

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив