LIVE

"ТВ Варзиш" ҷоизаи Ла Лигаро ба даст овард

26 май дар варзишгоҳи муҳташами «Лужники»-и шаҳри Москва бузургтарин бизнес-чорабинӣ дар соҳаи варзиш баргузор гардид.
Бузургтарин саҳнаи варзишгоҳии Русия зимни баргузории 5-умин Конфронси байналмилалӣ оид ба маркетинги варзишӣ таҳти унвони MarSpo зиёда аз 874 мутахассисони касбии саноати варзиширо аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба ҳам овард, то муттасадиёни бошгоҳҳо, федератсияҳо, лигаҳо, мақомотҳои давлат ва ширкатҳои букмейкерӣ масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ ва ибрози ақида намоянд.
Дар саҳни 5 толори амалкунанда дар ин бузургтарин чорабинии саноати варзишӣ спикерон ва чеҳраҳои намоёни соҳа аз таҷриба ва корҳои назарраси худ бо ҳамкасбон  табодули назар намуданд.
Хотимабахши чорабинии мазкур қадрдонии беҳтаринҳо дар 26 номинатсия ва 13 номинатсияҳои махсус гардид, ки бо ғолибони ҳар як бахш метавон дар саҳифаи мазкур шинос шуд: https://marspo.ru/awards/
Лоиҳаи муштараки ТВ «Варзиш» ва Ла Лигаи Испания зери унвони «Қолини сурхи Эл-Классико дар Душанбе» дар номинатсияи «Беҳтарин иқдоми тарғиботии варзишӣ миёни бошгоҳҳо/чорабиниҳо/ташкилотҳо” (Лучшая рекламная компания спортивного клуба/события/организации) сазовори мақоми аввал ва ҷоизаи тиллоӣ гардид.
Бояд хотиррасон намуд, ки моҳи октябри соли 2020 Телевизиони «Варзиш» дар ҳамкорӣ бо Ла Лигаи Испания иқдоми «Қолини сурхи Эл-Классико дар Душанбе»-ро баргузор намуд. Ин иқдом дар назди бинои пуршукӯҳи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо густурдани қолини сурхи 50 метра ва навиштаҷот бо забони англисӣ, ки ифодагари даъвати мухлисон ба тамошои рақобати ҷолиб миёни «Реал» ва «Барселона» машҳур бо номи Эл-Классико барпо карда шуд. Ҳамон рӯз дар 6 шаҳри бузурги олам – Лондон, Ню Йорк, Сидней, Тоҷмаҳал, Даккар, Картахена ва Душанбеи зебоманзар чунин иқдом пеша карда шуда буд ва тибқи баҳодиҳии мухлисон ва намояндагони Ла Лига чорабинии пойтахти Тоҷикистон аз лиҳози зебогӣ беҳтарин дониста шуд.
Телевизиони «Варзиш» дар оянда низ тасмим гирифтааст, то чунин иқдому чорабиниҳои муаррифгари номи тоҷикро дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ бештар баргузор намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив