LIVE

Иди журналистони варзиш муборак!

Роҳбарияти ТВ Футбол тамоми журналистони соҳаи варзишро бо иди касбиашон, Рӯзи байналмилалии журналистони варзиш муборакбод менамояд. Рӯзи байналмилалии журналистони варзиш аз соли 1995 бо талоши Иттиҳодияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таҷлил карда мешавад. Санаи таҷлили ин рӯз тасодуфӣ нест, зеро соли 1924 дар Париж Иттиҳодияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (ИБМВ) ташкил шуд, ки қариб саду панҷоҳ Иттифоқи миллии журналистонро ба ҳам иттиҳод кардааст. Аз ин фурсат истифода бурда, ба тамоми қаламкашони варзиш, хабарнигорон ва шореҳон муваффақиятро дар ҷодаи эҷод таманно менамоем. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив