LIVE

“Зенит” қаҳрамон шуд!

Бошгоҳи петербургии “Зенит” дар бозии даври 28-уми чемпионати Россия бо ҳисоби бузурги 6-1 дастаи “Локомотив”-и шаҳри Маскавро мағлуб намуд. Бо ҳамин бурди навбатии худ, петербургиҳо қабл аз муҳлат қаҳрамони чемпионати Россия шуданд. Ин барои “Зенит” маротибаи 8-ум аст, ки соҳиби ин ҷоиза мешаванд. Онҳо як маротиба ҳангоми Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1984 ба ин унвон даст ёфта, 7 маротибаи дигар баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиб гаштанд. Бошгоҳи “Зенит” маротибаи сеюм аст, ки таҳти роҳбарии сармураббӣ Сергей Семак пайиҳам қаҳрамони чемпионат мегарданд. Ҳамин тавр, шогирдони Семакро мебояд ду маротибаи дигар ба ин унвон даст ёбанд, то дар либоси худ шеврони (эмблема) ситораи дуюмро насб кунанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив