LIVE

Пешниҳоди нави «ПСЖ» ба Месси

Бошгоҳи фаронсавии “Пари Сен-Жермен” ба ситораи футболи 33-солаи аргентинӣҳамлавари дастаи “Барселона” Лионел Месси қарордодеро пешниҳод карданист, ки дар гумон аст Месси аз он даст кашад. Дар ин бора хабаргузории TNT Sports хабар додааст.
Мувофиқи иттилои ин манбаъМессиро пешниҳоди дусолаи қарордод ва боз тамдиди як соли дигар интизор хоҳад будки шартҳои молиявии он барои ин бошгоҳи фаронсавӣ афсонавӣ мебошадҶузъиёти ин пешниҳод то ҳол ошкор нашудааст.
Лионел Месси дар мавсими имсола дар 42 вохӯрӣ дар ҳама гуна бозиҳои “Барселона” иштирок намуда, ба задани 33 гол ва 14 партоби головар даст ёфтааст. Қарордоди ӯ бо бошгоҳи каталониҳо 30 июни соли ҷорӣ ба итмом мерасад
Қаблан Forbes Мессиро дар ҷойи сеюм миёни варзишгарон дар соли 2020 қарор дод. Даромади молиявии умумии бозингари аргентинӣ дар соли гузашта, аз ҳисоби маош ва дигар бонусҳо, 104 миллион долларро ташкил додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив