LIVE

Месут Озил пас аз бохт дар Ҷоми Лига "Тоттенхэм"-ро масхара кард

Нимҳимоятгари собиқи “Арсенал” Месут Озил, ки ҳоло дар “Фенербахче” бозӣ мекунад, ба шикасти “Тоттенхэм Хотспур” дар финали Ҷоми Лигаи Англия ба таври мазҳака муносибат кард.
Дар бозии ҳалкунанда, ки як рӯз пеш, 25 апрел дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон баргузор шуд, “Тоттенхэм” аз “Манчестер Сити” бо ҳисоби 0-1 шикаст хурд. Голи ягонаро дар дақиқаи 82-юм ҳимоятгари “шаҳриҳо” Эмерик Лапорте ба самар расонд. Ҳамин тариқ, “Тоттенхэм” боз бе ҷоиза монд. Ин дастаи Лондон аз соли 2008 ба ин сӯ натавонистааст унвонеро ба даст орад.
"Он чанголуд боқӣ мемонад ..." навиштааст Озил дар Твиттери худ бо ишора ба ҷевони ҷомгузории даста.
Қаблан сарпарасти нав, ширкати  рангбарории  Dulux  “Тоттенхэм” -ро масхара карда буд.  Ин корхона дар бораи чӣ қадар чанголуд будани ҷевони  ҷоизаҳо шӯхӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив