LIVE

Месут Озил ба МЛС меравад

Нимҳимоятгари “Арсенал” Месут Озил  имконияти ба МЛС рафтанро дорад. Football.London хабар медиҳад, ки  дастаи "Ди Си Юнайтед" ба Озил мароқ зоҳир намудааст. Вале гуфтушунидҳо миёни ҳарду ҷониб ҳанӯз доир нашудааст.  "Ди Си Юнайтед" ваъда додааст, ки дар сурати гузариши Озил ба даста барои рушди брендаш М10 ва қаҳвахонааш "Ozil 39 Steps" дар тамоми миқёси Иёлоти муттаҳидаи Амрико  ёрӣ мерасонад.  Ҳамчунин ин бошгоҳи шаҳри Вашингтон  ваъда додааст, ки Озилро  симои рекламавии асосии  “Ди Си Юнайтед" мекунад.Ёдовар мешавем, ки  Месут Озил сар аз мавсими ҷорӣ ягон бор дар ҳайати асосии  "Арсенал" ба майдон набаромадааст. Шартномаи Озил бо "канонирҳо" то тобистони соли 2021 эътибор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив