LIVE

Серхио Агуэро рекорди Давид Силваро такрор кард

Дирӯз “Манчестер Сити” дар финали Ҷоми Лигаи Англия “Тоттенхэм”-ро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Тавре ESPN хабар медиҳад, барои ҳамлагари "шаҳриҳо" Серхио Агуэро ин ҷоиза  бо пероҳанҳои   "Сити" 14-ум шуд.  Аз рӯи ин нишондиҳанда ӯ бо нимҳимоятгари испанӣ Давид Силва,  ки тимро тарк кардааст, баробар гардид. Ба эҳтимоли зиёд, дар моҳи май  Агуэрои аргентинӣ, ки худаш дар тобистон ба ҳайси агенти озод меравад, аз Силва пеш мегузарад. Зеро  “Манчестер Сити”  дар чемпионати Англия пешсаф аст ва дар нимфинали Лигаи чемпионҳо ҳам  ширкат меварзад. Шояд Серхио ҷоизаи 15-умашро   ба даст оварад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив