LIVE

Президенти “Реал”: Роналду барнамегардад

Президенти бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” Флорентино Перес овозаҳоро оиди бозагшти эҳтимолии Криштиан Роналду рад намуд.

“Роналду ба “Реал” барнамегардад. Дар бозгашти ӯ ҳеҷ маъное нест ва худи ӯ бошад дар ҳоли ҳозир бо “Ювентус” қарордод дорад.” – дар ин бора журналист Фарбитсио Романо дар саҳифаи “Твиттер”-и худ ба нақл аз хабаргузории Chiringuito” овардааст аз суханони Перес.

Роналду бо пероҳани “Реал Мадрид” солҳои 2009-2018 шарафи ин бошгоҳи испаниро ҳимоя кардааст. Дар ҳайати “гаразмониҳо” ӯ 15 ҷомро ба даст овардааст, ки аз онҳо: 2 маротиба қаҳрамони Испания, 2 Ҷом ва 2 Суперҷоми Испания, 4 маротиба Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, 2 Суперҷоми УЕФА ва 3 маротиба ҷоми чемпионати бошгоҳии ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Ҳамчун бозингари “Бошгоҳи шоҳона”, футболбози португалӣ 4 маротиба соҳиби “Тӯби тиллоӣ” гаштааст.

Қаблан, директори варзишии “Ювентус” эълон дошта буд, ки ба ҳар навъе бошад, онҳо мехоҳанд Роналдуро дар дастаи туринӣ нигоҳ доранд. Дар мавсими кунунӣ, Роналду дар 27 бозии чемпионати Италия бозӣ намуда, ба задани 25 гол (5 – тои он аз пеналтӣ) даст ёфта, ҳамзамон ба 3 партоби головар муваффақ гаштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив