LIVE

Футболбози тоҷик Муҳаммад беҳтарин бозигари моҳи март дар "Нижний Новгород"

Нимҳимоятгари бошгоҳи "Нижний Новгород" Муҳаммад Султонов аз рӯи як пурсиши мухлисон беҳтарин футболбоз дар моҳи март шинохта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ин даста. Ба тарафдории ӯ беш аз шашсад нафар овоз доданд, ки ин 41,83% -ро ташкил дод. Ҳамин тариқ, Муҳаммад Султонов беҳтарин бозигари моҳи март интихоб шуд. 
Дар ҷои дуввум Бек Кавтарадзе (20,22%) қарор гирифтааст. Дар мақоми сеюм форварди гвинеягӣ Момо Янсане (18,21%) ҷойгир шудаанд. 
Ёдовар мешавем, ки Султонов моҳи март ба дарвозаҳои дастаҳои “Факел”, “Шинник”, “Торпедо” (ду маротиба) голзанӣ кардааст. 
Ҳоло Муҳаммад бо шаш голи задашуда дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини “Нижний Новгород” дар зинаи сеюм қарор дорад. 
Муҳаммад Султонов дар “Нижний Новгород” таҳти рақами 14 бозӣ мекунад. Шартнома бо бошгоҳи русӣ барои ду сол баста шудааст. Муҳаммад Султонов 28 сол дорад. Варзишгар дар деҳаи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив