Тибқи иттилои AS, ҳимоятгари “Реал Мадрид” Лукас Васкес тобистон дастаашро иваз мекунад. “Реал” ба Васкес пешниҳод кард, ки ҳам дар хати ҳимоя ва ҳам ҳамла кор кунад. Вале футболбоз ин пешниҳодро қабул накард. Роҳбарияти мадридиҳо андеша доранд, ки ҳузури Васкес ба рушди Родриго ва Винисиус халал мерасонад. Лукас тобистон футболбози озод мешавад. Ба ӯ “Бавария мароқ зоҳир намуда, шартнома омода намуда истодааст.