LIVE

"Реал" ҷойгузини Васкесро пайдо кард

Нимҳимоятгари “РБ Лейптсиг” - Дани Олмо диққати роҳбари тими “Реал”-ро ба худ ҷалб кардааст, хабар медиҳад нашрияи Ok Diario. Мадридҳо чунин мешуморанд, ки футболбози 22-сола метавонад ивазкунандаи Лукас Васкес гардад, зеро ӯ шартномаашро бо даста тамдид кардан намехоҳад. Бо эҳтимоли зиёд ӯ аз “Реал” меравад. Хабар дода мешавад, ки пурқувват кардани хати ҳамла яке аз вазифаҳои асосии роҳбарияти “Реал” дар равзанаи трансферии тобистона хоҳад буд. Дани Олмо метавонад бо нархи 30 миллион евро ба “дастаи шоҳона” гузариш кунад. Дар ин мавсим Олмо дар Бундеслига 20 бозӣ карда, 3 гол задааст ва 5 партофти головар додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив