LIVE

«Реал» аз ҳайати «Ман Сити» гулчин мекунад

ВАО-и испанӣ бар он назаранд, ки тобистон «Реал» бозори трансфериро ба ларза меорад. Бошгоҳи шоҳона аз ҳайати «Манчестер Сити» – Раҳим Стерлингро ба даст оварданист. 
Мадридиҳо  барои Стерлинг маблағи миёншикан дар ҳаҷми 180 миллион фунт пешниҳод кардааст.
Раҳим бо «Манчестер Сити» дар самти тамдиди шартнома ба мувоффиқа нарасидааст ва аз эҳтимол дур нест, ки футболбози 25 сола дастаашро иваз кунад. Мушкилоте, ки феълан шаҳриҳо доранд, шояд ба  дастаи «Реал»  барои анҷоми ин гузариш кӯмак ҳам кунад. 
Ёдовар мешавем, ки  дар баробари Стерлинг «Реал» хоҳиши ба даст овардани боз як зумра бозигарони дигар, ба мисли Килиан Мбаппе, Пол Погба ва Серхио Агуэроро дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив