LIVE

«Реал» боз як ситораашро аз даст дод

Хадамоти матбуоти бошгоҳи шоҳонаи “Реал” аз ҷароҳати ҳамлавар Мариано Диас хабар дод. Ба маълумоти сарчашма футболбози 27-сола дар рафти тамрин осеби сахт бардоштааст. Ҳоло вақти барқароршавии саломатии футболбоз мушаххас нашудааст. Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари асосии «гаразмониҳо» Карим Бензема, ки ҳамчун ҳамлавари марказӣ бозӣ мекунад, ӯ низ ҷароҳат дорад. Ҳамин тариқ, “Реал” бидуни ҳамлавари марказӣ бозиҳои ояндаи худро идома медиҳад. Ногуфта намонад, ки бештари футболбозони асосии “Реал” дар ҷароҳат доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив