LIVE

Месси баъд аз задани ду гол аз дарвозабони "Элче" пироҳан хост

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври 1-уми чемпионати Испания, “Барселона” дар майдони худ “Элче”ро қабул кард. Бозӣ дар варзишгоҳи “Камп Ноу” баргузор шуд ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3-0 хотима ёфт. Лионел Месси дубл кард.
Пас аз бозӣ Месси ба дарвозабони "Элче" Эдгару Бадии наздик шуда, аз вай хоҳиш кард, ки пироҳани варзишиашро бидиҳад. Дар бозӣ бар муқобили каталониҳо Эдгару Бадии бозии зебо нишон дода, як чанд сейф анҷом дод. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив