LIVE

“Футбол HD” 4 сола шуд

Имрӯз, 21-уми феврали соли 2021 аз таъсисёбии нахустин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ “Футбол HD” 4 сола сипарӣ шуд. Дар матлаби мазкур мо тамоми бурду бохт ва нақшаву ҳадафҳои шабакаи мазкурро ҷамъ овардем. 
1. Муқаддима
Футбол яке аз намудҳои маъруфтарину ҷаззобтарини варзиш, василаи муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон футболро ҳамчун яке аз бахшҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии футбол, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад. 
Ба ифтихори эълон шудани соли 2017 чун Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки шабакаи нави телевизионии - "Футбол HD"-ро таъсис диҳад. 
Ҳадаф аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол HD”  муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар, футболи миллӣ, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад.
2. Таърих
Шабакаи телевизионии “Футбол HD” 21-уми феврали соли 2017 ифтитоҳ ёфта, нахустин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ дар Тоҷикистон мебошад. Он ба таҳияву тадвини барномаву гузоришҳо доир  ба яке аз намудҳои дӯстдоштатарини варзиш - футбол бахшида мешавад ва барномаҳои  худро дар формати муосири телевизионии шаффофияташ баланди HD пахш менамояд. Муассиси он Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.
     Шабакаи “Футбол HD” ба таври рақамӣ тавассути моҳвораи алоҳида пахш мешавад. 
Таъсиси шабакаи мазкур ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии кишвар ба иттилооти варзишӣ, хосатан футболӣ мусоидат менамояд.
3. Гузоришҳо
Шабакаи  " Футбол HD"-и Федератсияи футболи Тоҷикистон дар баробари инъикоси вохӯриҳои  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон,  бозиҳои лигаҳои Олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, инчунин чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - лигаи Чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё,  чемпионатҳои наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), олимпӣ (U-23) ва мунтахабҳои миллии қораро пахш мекунад. Дар эфири шабакаи  телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо, Премер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, бозиҳои Серияи "А"-и Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи 1-уми Франсия, Премер-лигаи Русия, ҳамчунин вохӯриҳои марказии  дигар кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд. 
Дар баробари ин шабакаи телевизионии “Футбол HD” намудҳои дигари варзиш, ки аз нигоҳи муҳтавои худ ба футбол наздикӣ доранд, аз ҷумла футзал, футболи хурд, футболи соҳилӣ ва ғайраро низ инъикос мекунад.
4. Ҳайати эҷодиву техникӣ
Барои таҳияиву танзими барномаҳо, шарҳу тавзеҳоти бозиҳо, омода кардани гузоришҳои таҳлилӣ, тарҷума ва дубляжи филмҳо ва умуман инъикоси тамоми чорабиниҳои варзишӣ як гурӯҳ аз рӯзноманигорон, шореҳон, танзимгарон, тасвирбардорон, коргардонҳо, муҳандисон ва дигар шахсони масъул дар шабака фаъолият мебаранд.
5. Барномаҳо
Дар эфири шабакаи телевизиони  махсусгардонидашудаи футбол, инчунин барномаҳои ҳирфавӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқ ва тозазуҳури футбол, аз таърих ва фаъолияти тиму бошгоҳҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд.
6. Сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Имрӯзҳо яке аз василаи муҳим барои ҷалби тамошобинон ва дар ҷараён гузоштани онҳо аз мусобиқаҳои футболӣ ин фаъолияти густурда дар сомонаҳои иҷтимоӣ аст. Бо ин мақсад тӯли 2 соли охир сомонаи расмии шабака дар суроғаи “https://ftv.tj/” фаъол шуд. Дар он дар баробари маълумотҳои зарурӣ ва барномаҳои телевизионӣ инчунин хабару мақолаҳои оид ба ин риштаи варзиш дастраси хонандагон карда мешавад. Инчунин тамошобинони мо имкон доранд то ба таври мустақим тавассути сомонаи ТВ “Футбол HD” ҷараёни рақобатҳоро тамошо кунанд. Албатта, дар баробари ин мо дар шабакаҳои маъруфи сомонаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, WhatsApp, VK, Одноклассники, Telegram ва видеохостинги бузургтарини ҷаҳон YouTube саҳифаҳои худро боз карда иттилои заруриро ба бинандагон ва хонандагони худ мерасонем.
7. ПЛА дар эфири мо
Миёни ҳамаи чемпионатҳои миллии муқтадири кишварҳои Аврупо Примйер лигаи Англия бо диққатҷалбкунӣ, ҷаззобият ва бозиҳои дурахшони диданибобаш фарқ мекунад. Маҳз бо ҳамин сабабҳо дар тамоми рӯйи олам аз ҳама бештар ба ҳамин мусобиқа мухлисон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Бо ба эътибор гирифтани ҳамин омилҳо мо тасмим гирифтем то ҳуқуқи пахши бозиҳои ин мусобиқаро ба даст орем. Ҳамакнун мухлисони Лигаи бартари футболи Англия имкон доранд то ҷараёни ин мусобиқаи ҷолибро тамоми сол тавассути эфири шабакаи мо пайгирӣ кунанд. Ин аз зумраи муваффақиятҳои асосӣ ва омили муҳим барои ҷалби таваҷҷуҳи бинандагон аст.
8. Лоиҳаҳои нав
Шуруъ аз баҳори соли 2021 мелодӣ барои боз ҳам бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи бинандагони худ мо як қатор лоиҳаҳои ҷолибу диданиро рӯи даст гирифтем, ки аксари онҳо дар бораи инъикоси таърихи пуршарафи футболи миллӣ ва чеҳраҳои мондагори он бахшида шудаанд. 
Бовар дорем, ки ин гомҳои аввалин ва устувори нахустин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ “Футбол HD” заминаи мусоидеро барои расидан ба ҳадафҳои бузурги минбаъда дар соҳаи телевизиони кишвар мегардад ва солиёни дароз баҳри шоду масрур намудани мухлсиони варзиши №1 сайёра дар Тоҷикстони маҳбуб хизмат мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда дар ин рӯзи фарруху фирӯз тамоми аҳли эҷодиву техникии шабакаи телевизионии “Футбол HD”-ро самимона табрик намуда, барои ҳар яки шумо ва аҳли хонаводаатон тани сиҳат, кушоиши кор, саодати рӯзгор ва қуллаҳои баланди эҷодиро таманно мекунам.
Директори шабакаи телевизионии “Футбол HD” Муқимов Наврӯз. 
21.02.2021с.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив