Даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни “Атлетико” ва “Челси” дар Бухарест баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи расмии клуби шаҳри Мадрид. Ин ду тим дар варзишгоҳи миллии пойтахти Руминия дидор анҷом медиҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин бозӣ, ки қарор аст рӯзи 23 феврал баргузор шавад, бинобар маҳдудияти сафар дар байни Испания ва Бритониёи Кабир ба иллати пандемияи коронавирус аз Мадрид ба Бухарест гузаронида шуд. Вохӯрии ҷавобӣ 17 март баргузор мешавад.
Қаблан УЕФА эълом карда буд, ки бозиҳои аввали марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА миёни “РБ Лейпциг” ва “Ливерпул” рӯзи 16 феврал дар Будапешт баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Олмон вуруди одамонро аз минтақаҳои зери фишори COVID-19 қарор дошта, манъ кардааст, ба истиснои шаҳрвандони Олмон ё шахсоне, ки иҷозати иқомат дар Олмонро доранд.