LIVE

Марио Манжукич ҳамдастаи Ибрагимович шуд

Марио Манжукич расман футболбози нави бошгоҳи “Милан” гардид. Даста ва ҳамлагар то охири мавсим қарордод имзо намуданд. Ҳамзамон имкони дароз кардани шартнома низ вуҷуд дорад. Дар ин бора сомонаи расмии “Милан” хабар додааст. Марио дар дастаи нави худ таҳти рақами 9 бозӣ мекунад. 
Марио Манжукич пеш аз ин дар тимҳои “Ювентус” ва “Бавария” ҳунарнамоӣ намудааст.  Дастаи охири футболбози хорватӣ  “Ал Дуҳайл” - и Қатар ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив