LIVE

Мунтахабҳои наврасон ва ҷавонони кишвар бо ҳамсолонашон аз Эрон бозӣ мекунанд

Дар доираи омодагӣ ба чемпионатҳои Осиё, ки соли оянда баргузор мешаванд, мунтахабҳои наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19)-и Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона доир мекунанд. Дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Эрон тавассути хатсайри махсуси ҳавоӣ ҳафтаи оянда ба Душанбе меоянд. 23 ва 26 декабр дар Душанбе бозиҳои рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Эрон сурат мегирад. 24 ва 27 декабр бошад, вохӯрии дӯстонаи тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи ду кишвар доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон баргузор мешаванд, ширкат менамоянд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавононамон бошад, дар Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив