LIVE

«ПСЖ» дарвозаи «Истанбул»-ро голборон кард

Дар вохӯрии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ дастаи “ПСЖ” ва «Истанбул Башакшехир» бозии мавқуфмондаашонро доир намуданд. Бозӣ дар «Парк де Пренс»-и шаҳри Париж доир шуда, бо натиҷаи калони 5:1 ба фоидаи “ПСЖ” хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои “ПСЖ”-ро Неймар (хет-трик) ва Мбаппе (дубл) ба самар расониданд. Ягона тӯби «Истанбул Башакшехир»-ро Меҳмад Топал муаллифӣ кард. 
Бозии «ПСЖ» — «Истанбул Башакшехир» бояд, ки рӯзи 8-уми декабр доир мешуд, вале рақобат дар дақиқаи 7-ум боз дошта шуд. Гумон меравад, довари эҳтиётӣ Себастян Колтсеску ёвари сармураббии «Истанбул Башакшехир» Пйер Веборо “сиёҳ” номидааст. Аз ҳамин сабаб бозӣ ба рӯзи 9-уми декабр гузаронида шуд. Баъди ин бозӣ “ПСЖ” бо касби 12 хол ба даври плей-оффи ЛЧ роҳ ёфт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив