LIVE

Усмон боз ҷароҳат бардошт

Ҳамлагари «Барселона» Усмон Дембеле дар бозии Ла Лига зидди «Кадис» (1:2) ҷароҳат бардошт.

Мушаки пойи Дембеле ҷароҳат бардоштааст ва ӯ 2-3 ҳафта ба даста кӯмак карда наметавонад. Дар ин бора дар сомонаи расмии дастаи каталонӣ хабар дода мешавад.

Ин алакай 9-ум ҷароҳати Дембеле пас аз омаданаш ба «Барселона» мебошад. Дар умум ӯ 500 рӯзи худро дар даста барои барқароршавӣ аз ҷароҳатҳо гузаронидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив