LIVE

Златан баъди ду гол 4 ҳафта истироҳат мекунад

Ҳамлагар Златан Ибрагимович дар бозиҳои оянда ба Милан кӯмак намекунад. Ҳамлагар Шведии 39-сола дар бозии даври 8-уми Серияи А бо “Наполи” (3:1) дубл кард ва мушакҳои пояш осеб дидаанд. Ташхисҳо нишон додаанд, ки  Иброҳимович осеб бардоштааш ва ба майдон баромадани ӯ аз ташхиси дигарбора вобастагии калон дорад. Тибқи пешгуиҳо футболбоз аз 3 то 4 ҳафта ба табобат машғул мешвад. Ҳамин тариқ, Ибраҳимович ба “Милан” дар се бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо - бар зидди “Лилл”, “Селтик” ва “Спарта” кӯмак намекунад. Ғайр аз ин, вай дар Серияи А бо “Фиорентина”, “Сампдория”, “Парма” бозӣ намекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив