LIVE

France Football сири молиявии Месси ва Роналдуро ошкор кард

Нашрияи France Football рӯйхати бозингарони сердаромадтарини сайёраро дар давоми мавсими гузашта тартиб додааст. Ҳамлагари тими мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи Барселона" – Лионел Месси бо 120 миллион фунт дар садри ҷадвал қарор гирифт.
Дар ҷои дуюм Криштиану Роналду – ҳуҷумкунандаи дастаи "Ювентус" ва яккачини Португалия бо 109 млн ҷой гирифт. Қайд кардан ба маврид аст, ки танҳо даромади Месси ва Роналду  марзи 100 миллионро убур кардааст. Неймари бразилӣ бо 87 миллион фунт зинаи сеюмро ишғол кард.
Дар зинаҳои баъдӣ Гарет Бейл (35,45 миллион), Антуан Гризманн (35,25), Эден Азар (32,06), Андрес Инеста (31,14), Раҳим Стерлинг (30,96), Роберт Левандовски (26, 56) ва Килиан Мбаппе (24.73) қарор гирифтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив