LIVE

Баъд аз Видал навбат ба Нелсон Семеду расид

Муҳофизатгари «Барселона» - Нелсон Семеду низ ҳайати бошгоҳи каталониро тарк мекунад. Зеро футболбзи португалӣ бо ҳамдастагону мухлисони тими каталонӣ хайру хуш намудааст. 
Ба иттилои сарчашма сармураббии дастаи “Барселона” Роналд Куман бо ин бозигари 26 сола низ кор кардан намехоҳад ва ба кормандони бошгоҳ дастур шудааст, ки барои ин муҳофизатгари португалӣ низ дастаи нав ҷустуҷӯ кунанд. 

"Ташаккури зиёд “Барселона” ба ман имконият додӣ то орзуҳои худро амалӣ кардаму  ин пироҳанро ба тан намудам.  Бозӣ дар Камп Ноу бароям ифтихори бузург аст. Ман аз омӯзиш ва ҳар як лаҳзаи буданам дар беҳтарин клуби ҷаҳон ҳаловат бурдам. 
Ташаккур, ки ба ман барои рушди шахсиятам ва маҳорати варзишӣ кӯмак расониден. Ин се соли олиҷаноб буданд, ки ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Ташаккур ба ҳамкорон, кормандон, мухлисон ва ҳамаи одамоне, ки аз давраи ба “Барселона” омаданам то имрӯз ба ман кӯмак кардаанд. Ба ҳамаатон барори кор мехоҳам ”, - навиштааст Семеду дар сафҳаи Instagram-и худ.
“Барселона” бозигари португалиро соли 2017 аз тими «Бенфика» бо 35 миллион евро харидорӣ карда буд. Гуфта мешавад, ки футболбоз корномаи варзишии хешро дар дастаи «Вулверхэмптон» идома медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив