LIVE

Кике Сетйен: «Ман аз дастаи худ розиам»

Сармураббии  «Барселона» - Кике Сетйен назари худро дар бораи бозии охирини дастааш бар муқобили тими «Атлетико» (2:2) баён дошт.
— "Ман аз дастаи худ розиам. Дуруст аст, ки мо имрӯз ғолиб нашудем, аммо ҷараёни рақобатро мо назорат мекардем.  Муқобили «Атлетико» ҳамеша мушкил аст бозӣ кардан, зеро ин ҳарифи нобоб ва хуб танзим шудааст. Бо вуҷуди ин ман аз бозӣ ва кори шогирдонам қаноатмандам.  Ман таҳдидро ҳис намекунам.  Албатта ин шармовар аст, мо торафт аз пешсафи мусобиқа барои дарёфти қаҳрамонӣ дур мешавем, аммо мо бояд корро идома диҳем" иқрор шудааст Сетйен. 
«Барселона» аз «Реала» бо 1 хол ақиб мемонад, аммо бошгоҳи шоҳона як бозии худро баргузор накардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив