LIVE

«Барса» Неймарро монда, ба Кавани часпид

Ҳамлагари тими «ПСЖ»  - Эдинсон Кавани имкон дорад, ки фаъолияти футболбозии худро дар бошгоҳи «Барселона» идома диҳад.  
Ба иттилои Diario Sport  футболбози уругвайӣ бо тими парижӣ қарордодашро тамдид намекунад ва ӯ бозигари озод мешавад.  Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Кавани дар ҳайати «ПСЖ» дар даври плей-оффи  Лигаи чемпионҳо баромад карда наметавонад. 
Қаблан  Кавани иқрор шуда буд, ки бо «Атлетико» дар самти бастани созишнома пешакӣ маслиҳат кардааст. 
«Барса» як чанд маротиба кӯшиш кард то  ҳамлавари дигари «ПСЖ» - Неймарро ба даст орад, аммо талошҳо натиҷа надоданд. 
Мавсими футбол дар Фаронса бо сабаби хуруҷи коронавирус қабл аз муҳлат ҷамъбаст шуд ва Кавани дар 21 бозӣ ба задани 7 гол даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив