LIVE

Назари Сулшер дар бораи Погба

Сармураббии тими «Манчестер Юнайтед» - Уле-Гуннар Сулшер андешаи худро нисбати ниммуҳофизатгари фаронсавӣ Пол Погба баён дошт. 
«Барои Пол мавсим мушкил омад, зеро ӯ ҷароҳатҳои сахт бардошт. Аммо феълан ӯ аз лиҳозӣ ҷисмонӣ дар ҳолати хуб қарор дорад ва фикр мекунам, ки барои исботи беҳтарин будан омодааст.  Аз Пол ва дигар бозигаронам умеди калон дорам. Погба яке аз беҳтарин ниммуҳофизатгар дар ҷаҳон аст, ба ҳамин хотир мо аз ӯ интизориҳои зиёд дорем ва умедворем, ки сатҳу сифати бозии худро боз ҳам беҳтар мекунад.   Бо гузашти  як чанд моҳ мо имкон дорем, ки дубора бозии ҷолиби ин ниммуҳофизатгарро бубинем.  Пол фаъолияти хуби варзиши дошт. Ӯ ғолиби Чемпионати Ҷаҳон аст ва мо низ мехоҳем, ки пешсафии ӯ дар майдон боз ҳам ба мушоҳида расад», — иқрор шудааст Сулшер ба сомонаи Goal.
Ёдовар мешавем, ки дар дили шаб бозии дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Тоттенхэм» дар доираи даври 30-юми чемпионати Англия сурат мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив