LIVE

«Реал» то ҳол ягон пешниҳод барои Бэйл нагирифтааст

Рафтани ҳамлавари  «Реала Мадрид» - Гарет Бэйл ба тимҳои дигар зери суол аст ва ӯ боз як соли дигар дар бошгоҳи шоҳона боқӣ мемонад. 
Тавре Marca менависад,  ба суроғаи “гаразмониҳо” барои ин футболбоз ягон пешниҳод ворид нашудааст. Роҳбарияти клуб умед доранд, ки ҳамлагари 30 сола дигарбора ба ҳолати пешинаи худ бармегардад ва ба даста барои дарёфти ҷойзаҳо кӯмак хоҳад кард. 
Ҳарчанд гуфта мешавад, ки Бэйл метавонад ба «Нюкасл Юнайтед» гузариш намояд, аммо то ба ҳол аз ҷониби бошгоҳи англисӣ низ ба «Реал» муроҷиат нашудааст. 
Бэйл дар мавсими ҷорӣ дар 14 бозӣ ба майдон баромада, ба задани 2 гол даст ёфтааст. Бештар рафтани ӯро аз даста мухлисон мехоҳанд, зеро аз сабабе, ки футболбоз вақти зиёди худро на дар майдони футбол, балки ба бозии гол мегузаронад ва дар ҳайати мадридиҳо аз ҳама маоши баланд мегирад, ки 17 миллион евро дар як сол мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив