LIVE

Мбаппе пешниҳоди «Реал»-ро не гуфт. Мане чӣ?

Роҳбарияти бошгоҳи «Реал» давоми чанд соли охир аст, ки ба ҳунари ҳамлавари «Ливерпул» ва мунтахаби Сенегал - Садио Мане таваҷҷуҳ доранд. «Реал» дар миёни ду ҳамлагари маъруф Мане ва Мбаппе дар мондааст, зеро аз дуи онҳо якеро ба ҳайаташ шомил кардан мехоҳад. Баъди он, ки  форварди «ПСЖ» - Килиан Мбаппе пешниҳоди онҳоро рад намуд, мадридиҳо ҳамакнун танҳо ба Садио Мане таваҷҷуҳи худро равона хоҳанд кард. 
Қаблан хабаре паҳн шуда буд, ки худи Садио низ барои гузариш ба бошгоҳи шоҳона аз баҳри «Ливерпул» мегузарад.  Арзиши бозигар дар бозори ҷаҳонӣ 120 млн евро муқаррар шудааст, аммо бо дарназардошти буҳрони молиявӣ «Реал» чунин маблағ барои ин ҳамлагар пардохт карданӣ нест, аммо талош мекунад, ки футболбозро бо арзиши камтар ба даст биорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив