LIVE

«Ливерпул» аз навсозии «Энфилд» худдорӣ кард

«Ливерпул» корҳои аз навсозии варзишгоҳи «Энфилд»-ро ба таъхир гузошт.  Бошгоҳи мазкур дар мавриди манъи корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳаш тавассути сомонаи расмии худ иттилоъ дод. Корҳои таъмиру таҷдиди «Энфилд» аз сабаби хурӯҷи вируси тоҷ ва буҳрони молиявии ба амал омада, на камактар аз 12 моҳ манъ шуд. 
«Ливерпул» нақша дошт то ҷои нишасти варзишгоҳи худро зиёд намуда, онро ба 61 ҳазор боло барад. Корҳои сохтмонӣ имсол шуруъ шуда, он бояд тибқи нақша соли 2022 ба охир мерасид. Ҳамакнун татбиқи ин лоиҳа то соли 2023 тамдид гардид. Арзиши навсозиҳо дар «Энфилд» 60 млн фунт ё худ 69 млн евро гуфта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив