LIVE

Истеъфои 6 узви баландмақоми "Барса" дар як рӯз

Шаш тан аз узви шӯрои директорони бошгоҳи «Барселона» вазифаҳои худро тарк намуданд.  
Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ сабаби рафтани шахсони мансабдор аз сохтори тим ин надоштани қобилияти идоракунии сохтор дар замони хурӯҷи коронавирус ва интиқоди шадиди капитани даста - Лионел Месси дар сомонаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад. Шӯрои директоронро Эмили Русо, Энрике Томбас, Силвио Элиас, Мария Тейшидор, Жозеп Понт ва Жорди Класамиля тарк гуфтанд. 
Мо ба чунин хулоса омадем, ки натавонистем меъёрҳо ва шаклҳои идоракунии клубро мутобиқ ба меъёрҳои зарурӣ  анҷом диҳем ва ояндаи дурахшони дастаро таъмин созем.  Аз президенти клуб хоҳиш дорем, ки ин мактуби моро қабул намуда, дар он имзои худро роҷеъ ба истеъфои мо гузорад, омадааст дар мактуби 6 узви шӯрои директорони бошгоҳи «Барселона».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив