LIVE

Коронавирус яке аз серҷоизатарин бошгоҳҳои кишвари аврупоиро нобуд кард

Бошгоҳи футболи  «Жилина» чун серҷоизатарин бошгоҳи кишвари Словакия бинобар сабабҳои вазъи мушкили молиявӣ аз санаи 1-уми апрел расман аз барҳамхурии хеш эълон мекунад-хабар додааст рӯзномаи «Спорт-Экспресс».
Қарор дар мавриди худбарҳамдиҳии бошгоҳи мазкур вобаста ба мушкилотҳои шадиди молиявии дар натиҷаи боздошта шудани мавсими футболӣ аз коронавирус ба миён омадааст. Бошгоҳи словакӣ, ки стратегияи молиявии он аз фуруши бозингарон ба хориҷ асоснок шудааст, нисбати футболбозоне,ки аз камшавии маоши хеш дар вақти эпидемия даст кашиданд, уҳдадориҳои молиявии хешро иҷро карда натавонист.
 Ёдрас мекунем,ки «Жилина» – яке аз шуҳратмандтарин бошгоҳҳои футболи словакӣ буда, ҳафт маротиб қаҳрамони Словакия ва як маротиби дигар дорандаи Ҷоми ин кишвар гардидааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив