LIVE

Роналду мошини нав харид

Ҳамлагари «Ювентус» - Криштиану Роналду барои худ мошини сабукрави тамғаи Bugatti Centodieci дархост намудааст. Хабар медиҳад Bild. 
Футболбози португалӣ мошинро бо арзиши 9,5 млн евро харидорӣ кардааст. Модели Bugatti Centodieci дар чаҳон ҳамагӣ 10 адад истеҳсол шудааст. Ба Роналду мошини ҷадидаш соли 2021 дастрас мешавад. 
Дар парки техникии Роналду аллакай ду мошини фаронсавии тамғаи Veyron ва Chiron ҳаст. Centodieci бо забони итолиёвӣ маънии «110» - ро дорад. Муҳаррики тамғаи мазкур қувваи 1600 аспро дошта, дар 2,4 сония бо суръати 100 км дар як соат ҳаракат намуда, дар мавмуъ 380 километр роҳро дар як соат тай мекунад. 
Моҳи апрели соли 2019 Роналду қимматтарин автомобили тамғаи "Bugatti La Voiture Noire" - ро харидорӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив