LIVE

Роналду дар соли 2020 бори аввал гол назад

Ҳамлагари «Ювентус» - Криштиану Роналду дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили «Лион» ба майдон баромада, бидуни задани гол бозиро ҷамъбаст намуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди бошгоҳи фаронсавӣ хатм шуд. 
Ҳамин тавр силсилабозиҳои натиҷабахши футболбози 35 сола ба анҷом расид. Дар соли 2020 ӯ дар тамоми вохӯриҳо ба ҷуз аз дарвозаи «Лион» гол задааст. 
Дар Серияи А Роналду шуруъ аз моҳи декабри соли гузашта то ба ҳол голзанӣ менамояд ва дар 11 бозӣ пайдарҳам дарвозаи рақибонро рахна мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив