LIVE

Трансфери ҳангомавии «Барселона» наздик аст

Барои бошгоҳи каталонӣ ҳамлагари марказӣ чун обу ҳаво лозим шудааст.  Ба иттилои Catalunya Radio Кике Сетйен роҳбарияти «Барселона»-ро маҷбур сохтааст, то барояш як ҳамлагари марказӣ биёранд. Дар феҳристи нишонзанҳое, ки ба онҳо чемпионати Испания таваҷҷуҳ дорад: Лаутаро Мартинес, Обамеянг ва Бен Йеддер шомил аст. Қаблан «Арсенал» расман иттилоъ дод, ки  Обамеянг дар даста боқӣ мемонад. «Монако» бошад, пешниҳоди испаниҳоро дар ҳаҷми 80 миллион барои Бен Йеддеру рад кард. Ягона довталаб ин Лаутаро Мартинес мебошад, ки «Интер» ҳанӯз дар мавриди ин муомилот чизе нагуфтааст. Тавре гуфта мешавад, агар Мартинес ба ҳайати нилунориҳо шомил шавад, аз ҷониби каталониҳо Артуро Видал ба Милан сафарбар карда хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив