LIVE

Рубин пурқувваттар мешавад.....

Собиқ нимҳимоятгари “Локомотив”-и Москва Дмитрий Тарасов тасдиқ намуд,ки баҳри оғозкунии ҷамъомадҳои тамринӣ бо “Рубин” ба шаҳри Қазон меравад. 
 “Ман бозгашти худро ба футбол хеле интизор будам,аз ин рӯ пагоҳ барои гузаронидани ҷамъомадҳои тамринӣ бо “Рубин” ба шаҳри Қазон меравам. Духтарони ман як замон дар муддатҳои тулонӣ бе ман хоҳанд буд.”,- навиштааст Тарасов дар саҳифаи “инстаграм”-и хеш.
 Ёдовар мешавем,ки шартномаи Тарасов бо “Локомотив” тобистони сипаришуда ба анҷом расида, аз ҳамон даврон ин нимҳимоятгар бе бошгоҳ монда буд. 
 Аслан Дмитрий Тарасов дастпарвари тими “Спартак”-и Москва буда, ҳеҷ вақт дар ҳайати аввали дастаи “сурху сафедҳо” бозӣ накардааст. Бозингари номбурда пештар дар тимҳое чун “Том” ва “Москва” майдондорӣ намуда, дар ҳайати мунтахаби Россия бошад ҳашт бозӣ намудаву як гол ҳам задааст.
Бошгоҳи “Рубин”-и шаҳри Қазон бошад айни ҳол дар чемпионати Россия дар зинаи 13-уми ҷадвал қарор дошта, пас аз 19 даври мусобиқот 19 хол дар ихтиёр дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив