LIVE

Моуринюро ҳангоми ҷосусӣ дастгир карданд

Ҳангоме, ки бозии дастаҳои футболи «Саутгемптон» ва «Тоттенхэм» ҷараён дошт, ҳолати ғайри муқаррарӣ сурат гирифт.  Дар ҳоле, ки шогирдони ӯ аз соҳибони майдон бо ҳисоби 1 бар 0 рӯ ба шикаст буданд, Жозе Моуриню хост ба дафтарчаи қайдҳои махсуси ситоди мураббиёни тими «Саутгемптон» рафта,  онро аз наздик нигоҳ кунад.
Дар ин ҳолат довари марказ ба мутахассиси португалӣ корди зард нишон дод. Баъд аз бозӣ Моуриню ин ҳаракати худро чунин шарҳ додааст.

“Ман дағал будам, то андозае дағал будам, ки аблаҳӣ кардам. Дар чунин ҳолат ба гуноҳи худ иқрор мешавам ва сазовор барои гирифтани корти зард гаштам. Ман гуфта наметавонам, ки барои чӣ ин корро кардам?, аммо ин сабаб дошт”, гуфтааст Моуриню.

Дар ин дидор ҷароҳат бардоштани футболбозони каладии «Тоттенхэм» - Домбеле Алваро ва Гарри Кейн  ситоди мураббиёни дастаро андуҳгин сохт, зеро дар пеш онҳоро бозӣ бо дастаи “Ливерпул” интизор аст.

 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив