LIVE

Моуриню ҷангро аз дифои “Тоттенхэм” шуруъ кард

Сармураббии ”Тоттенхэм” Жозе  Моуриню натиҷаи дидори даври 20-уми  чемпионатро, ки шогирдони ӯ бо "Норвич" ба натиҷаи мусовии 2:2 даст ёфтаанд, шарҳ дод. 

"Фикр мекунам, ки мушкилоти асосӣ дар  муҳофизат аст. Чунин иштибоҳҳоро мо дар бозиҳои қаблӣ низ доштем.  Мо ду голи сода ба дарвозаамон сар додем. Муҳофизатгарон аз як бозӣ ба бозии дигар ҳанузам ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Ман кори зиёде дорам, ки иҷрои он бисёр мушкил аст. Ҳарчанд мехоҳам, ки бозигаронам нуқсонҳои худро пинҳон кунанд, аммо наметавонанд. Қисмати муҳофизат такмил мехоҳад, зеро иштибоҳҳои инфиродӣ бениҳояд зиёданд. Ин  маро дар ғазаб меорад, зеро дар маҷмуъ хуб бозӣ мекунем, вале дар хати муҳофизат устувор нестем”, гуфтааст Моуриню. 
 
“Тоттенхэм” дар рақобат бар муқоили зайфтарин тими футболи ПЛА ду имтиёз аз даст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив