LIVE

Ҳабиб аз Роналду миннатдор шуд

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук - Ҳабиб Нурмуҳаммадовро иқдоми накуи ҳамлавари  «Ювентус» - Криштиану Роналду, ки орзуи ҳамешагӣ ва деринаи писарбаҷаи 11 солаи маъюби модарзодӣ - Алӣ Турганбековро амалӣ намуд, бетафовут нагузошта, назари хешро баён сохт. 
«Ана барои чӣ ту беҳтарин дар ҷаҳонӣ. Ташаккури зиёд Криштиану, бародари манро хушҳол сохтӣ», гуфтааст варзишгари маъруфи риштаи муҳорибаҳои омехта, Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
 Қаблан дар Казоқистон Хабиб низ бо Алӣ Турганбеков, ки бо амри тақдир аз батни модар бидуни пойҳо ба дунё омодааст, вохӯрӣ анҷом дода, ба ӯ туҳфаҳо ва футбол бозӣ карда буд.  
Ба қавли сарчашмаҳои хабарӣ, маҳз размгари рус вохӯрии писарбачаи бе пойро бо  Роналду ташкил кардааст.  Чун одат ситораи футболи муосир Роналду бо Алӣ футбол бозӣ намуда, расми хотиравӣ гирифтаанд.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив