LIVE

Дрогба иштибоҳи 10 сол қабл анҷомдодаашро ҷуброн кард

“10 сол қабл баъд аз бозии дастаҳои “Челси” ва “Барселона” кӯдаке хост то ман бо ӯ акси хотиравӣ бигирам. Вале  он вақт   бо сабаби  иштибоҳи шармандавори довар дар ғазаб будаму хоҳиши ӯро рад кардам.  Ҳамакнун фаҳмидам, ки он кӯдак - Килиан Мбаппе будааст. Мехоҳам қарзи худро дар назди Мбаппе баргардонам”. Ёдовар мешавем, ки собиқ ҳамлагари беҳамтои Кот-д’Ивуар ва ситораи навтулуи фаронсавӣ дар маросими ҷоизасупории ”Тӯби тиллоӣ” дар Париж вохӯрданд.  Дастаҳои футболи “Челси” ва “Барселона” дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо рақобат намуда буданд, ки он бозии ҳангомавӣ то дер боз дар хотираҳо боқи монд. Он замон Килиан Мбаппе 10 сол дошт ва дар «Стэмфорд Бридж» дар омӯзиши  “Челси” қарор дошт, аммо аз чи сабаб бошад, ки футболбози наврас дар академияи бошгоҳи Лондонӣ боқи мондан нахост.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив