LIVE

Ҳарифони набардозмудаи Австралия муваффақ шуданд

Кувайт ва Урдун, ки ду ҳарифи азалии тими миллии Австралия дар гуруҳи "В" мебошанд, дар даври 5-ум ҳарифони худро сарафканда намуданд. Кувайт, ки 5-рӯз пеш бо ҳиоби бузурги 9:0 Тайпеи Чинро шикаст дода буд, ин навбат дар сафар Непалро (1:0) ноком кард. Урдун дар майдонаш кори Кувайтро идома дод. Онҳо ба дарвозаи мунтахаби Тайпей 5 гол заданд. Ҳоло дар гуруҳи Австралия, ки дар ин давр озод буд бо 12 имтиёз ҷойи аввалро ишғол мекунад. Кувайту Урдун бо 10-холӣ дуюму сеюманд. Непал бо 3 имтиёз дар ҷойи 4 ва Тайпей бидуни имтиёз дар мақоми 5-ум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив