Баъди натиҷаи муссовии дастаҳои наврасони Қувайт U-16 ва Урдун U-16 (1:1) ва ғалабаи наврасони мо бар Непал (7:0) имконияти дастаи барои баромадан ба қисмати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 зиёдтар шуд. Дастаи наврасони Урдун ҳоло дар гуруҳи "А" баъди тими наврасони Тоҷикистон бо 7 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунад. Футболбозони мо баъди се ғалабаи калон бо 9 имтиёз ҷойи аввалро ишғол мекунанд. Вохӯрии даври охир миёни Тоҷикистон ва Урдун рӯзи 22-юми сентябр соати 22:00 бо вақти Тоҷикистон баргузор мегардад.
