LIVE

Сурия беҳтарин тим дар гуруҳи "А"

Дар доираи бозиҳои даври 5-уми вохӯриҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дастаи миллии футболи Сурия ғолибияти навбатиашро ба даст овард. Футболбозони сурягӣ дар шаҳри Дубай бо Филиппин рақобат карда, бо ҳисоби 1:0 дастболо шуданд. Ягона гол ба Ал Салама (дақ 23) мутаалиқ аст. Бо ин ғалаба шогирдони Фаҷр Иброҳим бо 15 хол мақоми аввалро касб карда, аз чиниҳо бо тафовути 8 хол зиёд пеш гузаштанд. Дар ин гуруҳи Малдив ҳам ғалабаи дуюмашро бар Гуам даст овард. Ҳоло дастаи мунтахаби Чин, ки чанде пеш Марчело Липпиро ба истеъфо равон карданд, бо 7 хол дар ҷойи дуюм меистад. Филиппин ҳам бо ҳамин миқдор имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Малдив бо тафовути ду хол камтар аз дастаҳои дуюму сеюм дар ҷойи 4-ум аст. Гуам мисли дастаҳи заиф дар ҷойи охир меистад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив