LIVE

Мавқеи дастаҳо пас аз анҷоми бозиҳои даври 5-ум дар МИ ЧҶ-2022 дар Осиё

Шаби гузашта дар қораи Осиё рақобатҳои даври 5-уми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар марҳилаи дуюм хотима ёфт. Бо ҷамъбасти нисфи рақобатҳои даври гурӯҳӣ ҳоло мо имкон дорем ба мавқеъ ва ҳолати гурӯҳҳо назар андохта, шонси дастаҳоро барои баромадан ба даври сеюм баҳо диҳем.
Гурӯҳи “А”
Сурияро касе боздошта наметавонад, мубориза барои ҷойи дуюм идома дорад.
Миллипӯшони Сурия шаби гузашта тими миллии Чинро 2-1 шикаст дода мавқеи худро дар садри гурӯҳ беҳтар карданд. Ин бохт боис шуд то роҳбарияти Федератсия футболи Чин сармураббии даста Марчелло Липпиро ба истеъфо фиристад. Филиппин шумораи имтиёзҳояшро бо шикаст додани ҷазираҳои Малдив бо Чин баробар кард ва ин ду даста барои ҷойи дуюм муборизаро идома медиҳанд. Тими миллии Гуам, ки аз заифтарин дастаҳои футболи сайёра аст бе ягон хол зинаи охиринро касб мекунад.
Гурӯҳи “В”
Такрори ҳолати гурӯҳи “А”
Ҳолати кунунии гурӯҳи “В” ба гурӯҳи “А” шабоҳат дорад, ки гӯё як себи ду кафонанд. Австралия бо шикаст додани Урдун ҳоло 12 имтиёз ҷамъ оварда пешсафи гурӯҳ аст. Кувайт ва Урдун барои аз якдигар пешӣ гирифтан талош доранд. Кадоме аз ин ду дастаи арабӣ мавқеи беҳтарро ишғол мекунад? Ҷавоб ба ин саволро мо шояд пас аз дидори байниҳамдигарии ин тимҳо санаи 31-уми марти соли оянда пайдо кунем.
Гурӯҳи “С”
Эронро хавфи ба даври баъди набаромадан таҳдид мекунад?
Шикаст аз Баҳрайнро бисёре аз коршиносон чун тасодуфе пиндоштанд. Аммо бохт дар бозӣ бо рақиби азалӣ-Ироқ ҳолати миллипӯшони Эронро дар гурӯҳ танг кард. Ягона дастоварди эрониҳо ин 14 гол ба дарвозаи Камбоҷа аст. Ивази сармураббӣ ба бозигарон таъсири баъд гузошт ё ягон иллати дигар аст, ки миллипӯшони Эрон то ҳол ба худ омада наметавонанд. Агар ин ҳолат тағйир наёбад пас Эрон имкони дарёб кардани Ироқу Баҳрайнро аз даст медиҳад. Ҳонконг ва Камбоҷа талош доранд то мавқеи якдигарро танг кунанд.
Гурӯҳи “D” 
Ҷолибтарин гурӯҳ дар марҳилаи мазкур гурӯҳи “D” аст
Аз миёни 8 гурӯҳи марҳила дуюми интихобӣ муборизаи пуршиддат ва танготанги дастаҳо дар гурӯҳи 4-ум дида мешавад, зеро ҳамаи панҷ тими шомили он аз нигоҳи назарявӣ барои баромадан ба даври баъдӣ нигоҳ медоранд. Шаби гузашта саудиҳо тими миллии Ӯзбекситонро дар майдонаш 3-2 мағлуб карда ба садри гурӯҳ баромаданд. Қатъи назар аз ин бохт миллипӯшони ӯзбек таҳти ҳидояти мураббии нав Вадим Абрамов имкони пешсафи гурӯҳ шуданро аз даст надодаанд. Яман, Фаластин ва Сингапур мекӯшанд ба ду дастаи боло халал расонанд.
Гурӯҳи “Е”
Мизбони мундиал бо як тир ду нишон заданист
Мизбони қаҳрамонии ҷаҳон-2022 Қатар дар ин гурӯҳ пешсаф аст. Онҳо талош доранд то ин мавқеи худро нигоҳ дошта ба чемпионати Осиё-2023 қабл аз муддат роҳхатро соҳиб шаванд. Ягона дастае, ки каму беш метавонад ба нақшаи онҳо халал расонад тими миллии Уммон аст. Се дастаи ҳамҷавор Афғонистон, Ҳиндустон ва Бангладеш ҳоло барои беҳ кардани мавқеи хеш тақрибан имкони баробар доранд.
Гурӯҳи “F”
Бохт аз Мянмар шонси Тоҷикистонро коҳиш дод
Дар миёни дастаҳое, ки то кунун имтиёз аз даст надоданд пешсафи гурӯҳи “F” тими миллии Ҷопон ҷойгоҳи намоён дорад, зеро ба фарқ аз Сурияву Австралия “самурайҳои кабуд” то имрӯз ба дарвозааш ягон гол сар надода, наздик аст қабл аз муддат ва аввалин шуда ба марҳилаи сеюм ба худ роҳ кушоянд. Мутаассифона пас аз бохт аз тими камбоҳи гурӯҳ Мянмар шонси бо ишғоли ҷойи дуюм ба даври баъди баромадан барои футболбозони мо коҳиш ёфт. Бозии навбатӣ бо Қирғизистон метавонад ҳолати ин ду дастаи ҳамсояро дар гурӯҳ муайян кунад. Муғулистон ва Мянмар шонси баробар шудан бо ду дастаи Осиёи Марказиро аз даст надодаанд. 
Гурӯҳи “G”
Муборизаи чор даста барои ҷойи якум
Яке аз гурӯҳҳои ҷолиби дигар дар ин марҳила маҳз гурӯҳи “G” аст. Ветнам, ки садрнишини гурӯҳ маҳсуб мешавад танҳо дар бозӣ бо дастаи дуюм Таиланд имтиёз аз даст дод. Аморати Муттаҳидаи Араб ва Малайзия баробар 6 холӣ ба даст оварда ҳоло дар зинаҳои баъдӣ ҷойгиранд. Ғайриинтизор тими миллии Индонезия дар ин гурӯҳ ба тими камбаҳо табдил ёфт. Ҳоло дар ҳисоби онҳо ягон имтиёз нест.
Гурӯҳи “Н”

Лубнон дар иҳотаи ду Корея
Тиме, ки бештар аз ҳама шарафи Осиёро дар Чемпионатҳои ҷаҳон ҳимоя кардааст-Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳи хеш пешсаф аст. Аммо бозии шогирдони Паулу Бенту мухлисони дастаро қонеъ карда наметавонад. 6 имтиёз дар бозӣ бо ду тими камбаҳои гурӯҳ ва мусовиҳои бе рангу бенур бо Кореяи Шимолӣ ва Лубнон он бозие, нест ки устувортарин дастаи Осиёро қонеъ гардонад. Таносуби беҳтари тӯбҳо боис бар он шудааст, ки дастаи Лубнон дар миёни ду тими Корея мавқеъ касб кунад. Дастаи дигари минтақа Туркманистон ҳоло бо 6 хол зинаи 4-умро ишғол мекунад. Мисли гурӯҳҳои дигар ин ҷо ҳам як дастаи камбаҳо дида мешавад. Дастаи мунтахаби Шри Ланка бе ягон натиҷаи қобили мулоҳиза дар таҳхонаи гурӯҳ ҷойгир аст.Дар пеш дастаҳои иштирокчии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро боз 4 бозигии дигар интизор аст. 
Маврид ба ёдоварист, ки 8 дастаи ғолиби гурӯҳ ва 4 тими беҳтарин бо касби зинаи дуюм имкони идома додани муборизаро барои роҳхатҳои мундиал-2022 доранд. Киҳо метавонанд ба ин феҳрист ворид шаванд? Ин суол то кунун кушода боқӣ мемонад. Ҷавоби пурраи онро метавон дар аввали моҳи июни соли 2020 пайдо кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив