LIVE

“Шоҳ”-и шведӣ ба Аврупо меояд

Златан Ибрагимовияч дар мавриди рафтани хеш аз “Гелакси” расман эълон намуд ва мутаносибан дар чемпионати Амрико дигар мо ӯро намебинем. Омад,дид,ғалаба кард! “Раҳмат ба Лос Анҷелес Гэлакси то бароям имкон доданд,ки худро аз нав зинда ҳис кунам. Барои ҳаводорони Златан. Шумо Златанро хостед! Ман бароятон Златанро додам! Таърих идома дорад. Метавонед ба тамошои бюйсбол баргардед”.  Пешгӯиҳоро дар мавриди  мавқеи идомаи маснади варзишии шведиро мо пеш намеорем. Кушиш кардем вале дуруст наомад. Ибра хеле  пешгуинашаванда аст. Яке ӯ ба Испания бармегардад,вале баъдан маълум мешавад,ки ин танҳо навори рекламавии ширкати нави ин бозингар  будааст. Вале агар ба навиштаҳои ахири ВАО такя кунем, айни ҳол бошгоҳи эҳтимолӣ барояш “Болоня” мебошад. Аслан дар ин маврид суханҳо бисёр мераванд. Ҳамчунин сарчашмаҳо аз шавқи МЮ ҳам мегуфтанд,вале баъдан ин хабарҳоро рад намуданд. Умуман бозгашти Златанро интизор мешавем,ғайр аз ин мо дигар коре надорем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив