LIVE

Энсо Фернандес гаронтарин бозигари “Манчестер Сити” гардид

Гузариши нимҳимоятгари аргентинӣ Энсо Фернандес аз “Челси” ба “Манчестер Сити” гаронтарин дар таърихи бошгоҳи манчестерӣ шуд. Оиди ин трансфер ба наздикӣ эълон шуд.
Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши гузариш 145 миллион евро арзиш пайдо кард. Қаблан, гаронтарин трансфер дар таърихи “Сити” гузариши нимҳимоятгари англис Эллиот Андерсон аз “Ноттингем Форест” буд. Нимҳимоятгари англис дар ҳамон тобистон бо нархи 135 миллион евро ба сафи “шаҳриён” пайваст. Ҷои сеюмро дар ин рейтинг харидории Ҷек Грилиш аз “Астон Вилла” дар тобистони соли 2021 ишғол мекунад. Ин бозигари англис ба “Манчестер Сити” бар ивази 117,5 миллион евро омада буд.
Энсо Фернандес аз январи соли 2023 дар сафи “Челси” бозӣ намуда, дар ин давра аргентинӣ дар ҳама мусобиқаҳо 170 бозӣ карда, 31 гол зад ва 30 партофти голӣ ба омор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив