LIVE

“Челси” бар ивази 137 миллион евро бозигари нав харид

Бошгоҳи футболи “Челси” дар сомонаи расмии худ оиди имзокунии шартнома бо нимҳимоятгари ҳуҷумкор Морган Роҷерс аз “Астон Вилла” эълон кард. Мӯҳлати шартнома бо Роҷерси 23-сола то соли 2033 баста шудааст.
Тибқи хабарҳои қаблии расонаҳо метавон ишора намуд, ки бошгоҳи шаҳри Лондон Роҷерсро бо нархи 117 миллион фунт стерлинг (137 миллион евро) харидорӣ мекунад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt трансфери ин нимҳимоятгар бузургтарин харидорӣ дар таърихи “Челси” мебошад. Рекорди қаблӣ замони гузариши нимҳимоятгар Энсо Фернандес бо нархи 121 миллион евро ба қайд гирифта шуда буд.
Мавсими гузашта Роҷерс дар ҳама мусобиқаҳо 55 бозӣ дар сафи “Астон Вилла” анҷом дода, 14 гол ва 12 партофти голӣ ба омор гирифт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ӯ 90 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив