Ҳимоятгари бошгоҳи “Страсбург” Гела Дуэ ба ивазкунии бошгоҳ наздик аст ва “Интер”-и Милан ба ӯ таваҷҷӯҳ дорад. Агар трансфери бозигари бошгоҳи белгиявии “Юнион” Анан Халаили бо ноком анҷом ёбад, дастаи шаҳри Милан метавонад ба харидории ин ҳимоятгар ҳамроҳ шавад. Тибқи иттилои La Gazzetta dello Sport футболбози исроилӣ ҳангоми муоинаи тиббӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуд, ки ин созишномаро зери хатар гузошт.
Ба гуфтаи манбаъ агар гузариши Халаили анҷом нашавад, “Интер”-и Милан таваҷҷӯҳи худро ба бародари калонии нимҳимоятгари !ПСЖ! Дезире Дуэ равона хоҳад кард. Ҳимоятгари “Страсбург! низ зери таваҷҷӯҳи бошгоҳи “Милан” қарор дорад, ки метавонад боиси муборизаи эҳтимолӣ байни абардастаҳои Милан барои бозигари мунтахаби Кот-д'Ивуар гардад.
Пас аз рафтани ҳимоятгар Дензел Дамфрис ба “Реал Мадрид” бошгоҳ фаъолона дар ҷустуҷӯи нафари тақвиятбахши хати рости ҳимоя аст. Сарраввал Марко Палестра аз "Аталанта" номзади асосӣ ҳисобида мешуд, аммо ҳимоятгар ба "Челси" гузашт.
Гела Дуэ аз моҳи июли соли 2024 дар "Страсбург" бозӣ мекунад ва шартномаи ӯ бо бошгоҳ то июни соли 2029 мӯҳлат дорад.
